БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НОБ-и Роғун-нурбахш ва тагягоҳи халқ!

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Абубакр Ҷалолов бо сокинони фаъоли ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои «Гулобод» ва «Чаманистон»-и ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл  вохӯрӣ баргузор намуд.

Зимни вохӯрӣ ба иштирокчиён атрофи  самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ ва дастовардҳои бузурги даврони истиқлолият  ҳарф зада,  қайд гардид, ки мавриди истифода қарор додани НОБ-и Роғун аз ҷониби  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як иншооти муҳимеро ба кор андохт, ки дар қатори азимтарин иншоотҳои ҷаҳон мансуб меёбад.

 Раисони Кумитаҳои маҳал, вакилони Маҷлиси ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл дар деҳот ва хатибони  масҷидҳои панҷвақта иштирок намуда, суханронии судманди масъулинро дастгирӣ намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  саҳмгузорӣ  хоҳанд кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg