БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Парчам ифтихор ва сарбаландии миллат аст

ВОСЕЪ. Бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  № 65-и ҷамоати деҳоти М. Вайсови бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафархони Муҳаббат, Манучеҳри Хуршед ва аъзои намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо хонандагони синфҳои болоии вохӯрӣ баргузор намуданд.

Масъулин ҳамаи ҷамъомадагонро бо Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд карданд, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 24 ноябр эълон шудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаест фараҳбахш, ки баргузории он метавонад дар замири ҳар яки мо эҳсоси дӯст доштан ва парастиш кардани ин марзу бумро дучанд намояд. Чи хеле, ки Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр кардаанд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо мебошад».

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg