БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Парчами давлатӣ нишон аз Истиқлолияти давлатист

БОХТАР. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар Литсейи касбӣ-техникии № 9-и шаҳри Бохтар бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон  Конфренсияи илмӣ- адабӣ баргузор гардид.

Дар Конференсия раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр  Наҷидуллоев Тавакал, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Асадуллозода Ватан,  роҳбари Литсейи номбурда Шарипов Сайбурҳон ва устодону омӯзгорон иштирок доштанд.

Зимнан, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар  Наҷидуллоев Тавакал  бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада,  қайд намуд, ки ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёрро тавассути Нишон, Парчам ва Суруди миллии он дар ҷаҳон мешиносанд, чунки ин рамзҳо  нишони асосии давлатдорӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ба шумор мераванд. Қавмҳои ориёӣ ҳануз аз давраҳои бостон оини парчамсозиву парчамдориро гиромӣ медоштанд. Дар таърих Дирафши Ковиёниву Ливои Куруши Кабир шуҳратёр мебошад. Давлатҳои  бузурги Сосониёну Сомониён, парчамҳои пуршукуҳу зафаровари худро доштанд ва ин анъана дар давраҳои баъдина низ идома ёфта, то ба имрӯз расидааст.  Дар моддаи 18-и Эъломияи  Истиқлолияти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, ки Нишони давлатӣ, Парчам ва Суруди миллӣ рамзҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  буда, дахлнопазирии онҳоро қонун ҳимоя мекунад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg