
ШАҲРИТУЗ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзои ҳизб хониши сиёсӣ доир гардид.
Дар рафти аохӯрӣ зикр гардид, ки фаъолияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз ва вазифаҳои ҳизбиёни ноҳия дар оянда баҳри амалӣ гардонидани мақсадҳои ватандӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон равона шудааст.