БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи анъанаву ҳунарҳои ниёгон дар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ПАНҶ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар маҳаллаи Гушуни ҷамоати деҳоти Меҳвар чорабиниҳои фарҳангӣ-сиёсӣ бо намоишҳои ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ гардида, дар он асосан сокинони маҳал ва аъзову ҷонибдорони ҳизб фаъолона иштирок намуданд.

Нахуст, ҷамъомадро Файзиев Каримҷон- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ҳусни ифтитоҳ бахшида, ҳозиринро бо оғози кори агрегати якуми нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», ки санаи фаромӯшнашаванда ва рӯзи таърихӣ мебошад ва Рӯзи Парчами давлатӣ самимона табрик намуд. Баъдан, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва соли руши сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ кард.

Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардид. Ин боис шуд, ки сокинони кишвар ҳунарҳои қадимаи мардумиро ба таври замонавӣ аз нав бо навгониҳо эҳё намоянд. Махсусан, халқи тоҷик бо қурутобу қалама ва гулдeзию деворӣ ҳамқадам буд. Ҳунарҳои дастӣ ҳамеша бо ҳаёти инсон алоқамандӣ доранд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва мутбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳия Шомаҳмадзода Музафар оид ба терроризму экстремизм ва ҳифзи ҷавонони кишвар аз ин пайомади номатлуби ҷомеа сухан намуд. Иброз дошт, ки бар зидди нақшаҳои харобкоронаи террористон, хусусан аъзои ташкилоти террористии наҳзат, ки фаъолияташ дар ҷумхурӣ мамнeъ эълон гардидааст дар ҳамбастагӣ мубориза бурда иҷозат надиҳанд, ки душманони миллат дубора сабабгори ҷангу низоъ дар кишвари биҳиштосоямон гарданд.

Дар охири ҷамъомад пас аз суханрониҳои судманд сокинони маҳал иброз доштанд, ки ҷавобан ба хизматҳои бузурги Пешвои миллат содиқона ба халқу Ватан хизмат намуда, шоистаи боварии Сарвари хирадпеша ва дурандеш хоҳанд гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg