БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Об манбаи ҳаёт ва сарчашмаи зиндагист

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар КВД “Истеҳсоли оби нӯшокӣ”-и ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмуҳаммад  иштирок намуда, оид ба ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи масоили об, аз ҷумла Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати пешбаранда ва асосгузори дипломатияи об дар марҳилаи нав, барномаҳо дар самти татбиқи сиёсати давлати соҳавӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, террористӣ ва ҷудоиандоз, Парчами давлатӣ-рамз ва муқаддасоти миллӣ, Роғун-ояндаи нурбори Тоҷикистон, риояи қонунҳои миллӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани фарҳанги либоспушӣ ва муносибати ҷамъиятӣ суханронӣ намуданд.

Зимнан мавсуф қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо дарназардошти ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ дар масоили обӣ ба сифати давлати пешсаф ва асосгузори димломатияи байналмилалии об дар марҳилаи аввали асри XXI эътироф гардидааст, ки ин фахри ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg