БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Амалӣ шудани самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар таъмини рушди ҷомеа мусоидат карда истодааст

А.ҶОМӢ. Дар ташкилоти ибтидоии «Истиқлол» бо иштироки Ҳалимов Муҳаммаддовуд раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Ҳалимов Муҳаммаддовуд дар баробари шарҳу тавзеҳ ва татбиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин доир ба мавзӯъҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, пешгирии амалҳои зишти ҳизбу ҳаракатҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва хатари он ба амнияти кишвар, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофот бо мақсади таъмини солимии ҷомеа, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона ва оқибатҳои манфии он ба ҳуввияту асолати миллӣ, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа суханронӣ намуд.

Инчунин, оид ба пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамчун хатар ба амнияти миллӣ, чораандешӣ ҷиҳати дар миёни аҳолӣ ба вуҷуд овардани хисси муқовимат бо коррупсия ҳамчун омили хатарнок, ба роҳ мондани мубориза бар зидди нашъамандиву нашъаҷалобӣ ҳамчун вабои аср, ба роҳ мондани корҳои тарғиботӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ба хотири таъмини солимии ҷомеа, тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба схизмати ҳарбӣ, тарғиби риояи қонунҳои миллӣ ва дуруст сафарбар кардани хайру сахо ҳамчун асоси рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавию фарҳангии ҷомеа ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни шаҳрвандон дар самти паст кардани сатҳи бекориву камбизоатӣ дар заминаи рушди соҳибкорию хоҷагидорӣ ва корҳои хонагӣ вобаста ба эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли руди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба истифодадиҳии аввалин агрегати НБО Роғун ва сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, ҳамагонро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ даъват намуданд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg