БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБРИКОТИ Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раёсати Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон сокинони худогоҳу худшиноси вилоятро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод менамояд.

Барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик, ки аз аввалин ливодорон буданд,  Парчам рамзи муборизаву ҷоннисориҳо барои даст ёфтан ба озодиву Истиқлолият, манбаи нерӯву қудрат дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ дониста мешавад. Ин ғаризаи фитрии миллатро дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо халқи шарафманди тоҷик бо кору амали меҳанпарваронаи худ собит намуд.

Парчами мо нишон аз таърихи чандинҳазорсолаи мост ва гӯётарин гувоҳ бар он, ки тоҷик на фақат дар фарҳангу илми умумибашарӣ саҳми бориз дорад, балки дар давлатдориву давлатсозӣ низ яке аз миллатҳои бунёдгузор ба ҳисоб меравад.

Имрӯз Парчами давлатӣ дар баробари муаррифномаи миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ будан, ҳамзамон нишонаи сарҷамъӣ ва ваҳдату ягонагии миллат дар фаросӯи фурсатталабиҳои ҷомеаи навин ба ҳисоб меравад. Имрӯз парчами давлатӣ моро дар майдони корзори ватансозӣ мутттаҳид намуда, ҳисси худогоҳии моро бедор кардааст.

Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мегӯяд: «Мо таҳти ҳамин Парчам ба Ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкориамонро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳукуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд».

Мо халқи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо меҳнату талошҳои ободкоронаи худ таҳти роҳбарии Пешвои миллат рӯз аз рӯз Парчами ватанро баландтар афрохта, дар арсаи ҷаҳонӣ ба он ҷилои тоза мебахшем. Зеро баландии парчам ин сарбаландии ҳар яки мо ва устувории пояи Парчам ин қомати росту устувори давлату миллат аст.

Бори дигар Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамсафони азиз!

24.11.2018, ш. Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg