БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби дастуру супоришҳои Пешвои миллат дар деҳот

МӮЪМИНОБОД. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод бо истиқоматкунандагони деҳаи Шаймирии ноҳияи Мӯъминобод тибқи ҷадвали баргузории  хонишҳои сиёсӣ  дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия дар деҳаи мазкур  вохӯрӣ баргузор гардид.

Зимнан дар вохӯрӣ  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ҳамчун ҳизби пешоҳанги ҷомеа, тарғиби урфу анъанаҳои миллӣ, чакандӯзи, гулдӯзӣ ва таъриху моҳияти Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон,  расидан ба қадри оромии кишвар ва Ваҳдати миллӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод Салоҳиддин Мирзобаротзода иштирок  намуда, вобаста ба масъалаҳои муҳими  рӯз вусъати кишту кори такрорӣ, рушди корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ, ки аз суханрониҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеоянд, суханронӣ намуд.

Инчунин, бо пешниҳоди Салоҳиддин Мирзобаротзода ва дастгирии сокинон дар деҳа ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ таъсис дода шуда, раиси он узви фаъоли ҲХДТ Каримов Сайфулло  интихоб гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg