БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳанӣ дар деҳот

КУШОНИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён дар деҳаҳои А.Ҷомӣ ва Ободончилики ҷамоати деҳоти Заргар дар доираи эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсию фарҳангӣ доир карда шуд.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара, узви фаъоли ҲХДТ Раъно Раҳимзода ва дигар шахсони расмӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, сокинони ватандӯсти деҳа чорабиниро бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили намудҳои гуногуни кашидадӯзиҳо, сабзавоту меваҷот, кандакорӣ, намудҳои гуногуни нону таомҳои миллӣ ва бофтаниҳоро ба маърази тамошо гузоштанд.

Зимни баргузории чорабинӣ бахшида ба истифода додани чархаи аввали НБО “Роғун” аксияи ҳизбӣ “Фурӯғи нури раҳмонӣ” баргузор гардид ва ба иштирокчиёни аксияи ҳизбӣ маводҳои таблиғотӣ дастрас карда шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидагии хотирии ҳозирин намоиши идонаи фарҳангию фароғатӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg