БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар самти масоили об

КӮЛОБ. Мутобиқ ба нақшаи чорабиниҳои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар шаҳри Кӯлоб бо хонандагони синфҳои болоии Литсейи назди Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб мулоқот доир карда шуд.

Дар мулоқот муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ва роҳбари ташкилоти ибтидоӣ “Гимназияи технологӣ” Рустами Низомиддин иштирок ва баромад намуданд.

Фирӯзи Саидмӯъмин қайд дошт, ки оғози асри XXI барои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон давраи пешниҳоди ташаббусҳои наҷибона, ки заминаи амали рушди устувори кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ба ҳисоб меравад. Боиси фараҳмандист, ки 21 декабри соли 2016 Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қатънома оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028” қабул гардид.

Ин гувоҳи он аст, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо маҳорати қобили таваҷҷуҳ дар мавриди татбиқи манфиатҳои миллӣ дар сатҳи ҳамкории байнамилалӣ пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад. Татбиқи барномаҳои марбут ба соҳаи об инъикосгари манфиатдор будани натанҳо Тоҷикистон, балки дигар мамлакатҳои дуру наздик мебошанд. Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028”, дар ҳамбастагӣ бо дигар ташаббусҳои ҷаҳонии марбут ба об мавқеи хос ва нақши пешбарандаи Тоҷикистонро дар сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои об инъикос намуда, эътироф гардидани Тоҷикистонро аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун мамлакати пешсаф дар ин самт муаррифӣ менамояд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg