БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ –ҳизби масъулиятпазир ва тақдирсоз дар ҷомеаи навин

ҚУБОДИЁН. Дирӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Табибон” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Шарифзода Маҳмадаюб хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан Шарифзода Маҳмадаюб ҷамъомадагонро бо санаи муҳими  таърихӣ, яъне Рӯзи Парчами давлатии ҶумҳурииТоҷикистон муборакбод  намуд.

Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат атрофи суханрониҳоия Пешвои миллат дар ноҳияи Данғара, агрегати якуми НБО-и Роғун, ки  бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намуд.

Дар охир чанде аз иштирокдорон суханрониҳои судманди Шарифзода Маҳмадаюбро  ҷонибдорӣ карда,иброз доштанд, ки  дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллатро  ҷиҳати ҳифзи сиҳатии омма, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, ки аз самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҲХДТ мебошанд, сармашқи  кору фаъолияти худ қарор хоҳанд дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg