БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг силоҳи маънавии давлату миллат аст!

КУШОНИЁН. Бо иштироки  раиси   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара ва кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, муовини раиси ҷамоати деҳоти Заргар А. Абдуллоев, инчунин бо иштироки мардуми деҳаи Обшорон  дар асоси ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳо дар деҳаи Обшорони  ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кушониён дар доираи эълон гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Соли тақвияти робита бо маҳал ва Рӯзи Парчами давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии сиёсию фарҳангӣ доир карда шуд.

Дар чорабинии мазкур масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, сафарбар кардани сокинон бо сарфаю сариштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар маврид хатарҳои терроризму  экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ, огоҳии сокинони кишвар аз паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани аҳолӣ  дар роҳи мубориза бо онҳо, аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа, фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл  ба фарҳангӣ бегона бо мақсадӣи ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ, ташаккули фарҳанги техники мардум,ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои марбут ба истифодаи  нодурусти онҳо, муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия  бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикорупсионӣ дар онҳо, фаъол гардонидан аҳолӣ  дар самти мубориза  ба нашъамандиву нашъаҷалобӣ ҳамчун зуҳуроти  хатарзо  ба амнияти миллӣ ва ҳаёти осоиштаи  шаҳрвандон,баланд бардоштани  маърифат ва масъулияти шаҳрвандон  бо мақсади  пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ба дарки ҷомеа расонидани моҳияти хизмат  дар сафи Артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату  мардонагӣ ва омили асосии нигоҳ доштани сулҳу суботи кишвар, ба мардум фаҳмонидани моҳияти қонунҳои миллӣ ва дар ин замина  дуруст сафарбар кардани  хайру сахо ба хотири  рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва маънавии фарҳангии ҷомеа, фаъол гардонидани шаҳрвандон  ва ҷалби  бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонаю ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи  эълон кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани  сокинон бо шуғл, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои  неки мардумӣ  дар  байни сокинон  бо мақсади тарбияи  ахлоқию маънавии ҷомеа ва масъалаи умумиҷаҳонии “Об”  андешаронӣ карданд.

Ҳамзамон, сокинони ватандӯсти деҳа чорабиниро бо намоиши ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили намудҳои гуногуни кашидадӯзиҳо, сабзавоту меваҷот,  кандакорӣ, намудҳои гуногуни нону таомҳои миллӣ ва бофтаниҳоро ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидагии хотирии ҳозирин намоиши идонаи фарҳангию фароғатӣ пешкаши ҳозирин карда шуд.        

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg