БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Дастовардҳои даврони Истиқлолият ҳамеша ҳифз мегарданд

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи ба номи «Мирзо Турсунзода»-и ҷамоати деҳоти ба номи Гардӣ Гулмуродови ноҳия бо сокинон вохӯрӣ доир гардид, ки дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Масъулин  зимни андешаронӣ аз  дастовардҳои даврони Истиқлолият,  махсусан хизматҳои беназиру арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду тараққиёт, алалхусус мавриди истифода қарор гирифтани НОБ-и Роғун ёдоварӣ карда, аз ҷамъомадагон барои расидан ба қадри заҳматҳои Пешвои миллат  даъват ба амал оварданд.

Инчунин, дар вохӯрӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Мақсудшоҳ Раҳимов иштирок дошта, оид ба сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара санаи 05 ноябри соли ҷорӣ,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуда,   зикр кард, ки ҳамеша аз сиёсати некбинонаи Сарвари давлат ҷонибдорӣ намоянд ва ба қадри хизматҳои беназири Пешвои  миллат бирасанд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg