БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои рушди устувор қарор дорад

ДАНҒАРА. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара ҷиҳати баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар филиали ҶСК “Ориёнбонк” дар ноҳия бо иштироки Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни баргузории хониши сиёсӣ Пирмуҳаммад Каримов доир ба вазъи мураккаби сиёсии ҷаҳон ва паёомадҳои манфии ҷаҳонишавӣ дар раванди шиддат пайдо кардани ҷиноятҳои кибернетикӣ хусусан дар системаи иқтисодиёт, сиёсати давлатӣ дар самти татбиқи “Ҳукумати электронӣ”, сиёсати давлатӣ дар соҳаи иқтисодёт, фаъолгардонии бахши хусусӣ, ташаккули соҳибкории инноватсионӣ, муқаддасоти миллӣ ҳамчун арзиши асосии давлати соҳибистиқлол, нақши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди бемайлони иқтисодиёти мамлакат, риояи қонунҳои миллӣ, терроризму ифротгароӣ ва ҷудоиандозӣ ба сифати хатарҳои асри навин, оила шоҳсутуни давлат, саҳмгузорӣ дар корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” бо мақсади дар сатҳи баланду сазовор пешвоз гирифтани 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, ҳамагонро ба корҳои созандагиву ободонӣ даъват намуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg