БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар гавҳари ноёб ва неъмати бебаҳост

ВАХШ. Дар деҳаи Меҳнати  ҷамоати деҳоти  20- солагии Истиқлолияти Тоҷикистон  чорабинии фарҳангӣ бахшида ба  Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии болозикр мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Ёров Худойдод  иштирок ва суханронӣ  намуд. Сараввал  Ёров Худойдод дар назди ҳозирин ба сухан баромада, иброз дошт, ки ба хотири боло бурдани сатҳу сифати зиндагии сокинон Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Дар воқеъ сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл  фаро  гирифтани аҳолии  қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. 

Дар охир, масъулин аз намоиши ҳунарҳои бонувони чирадасти маҳаллаи мазкур, ки ба маъразаи тамошо гузошта буданд, дидан намуда, барои ривољу равнақ додани соҳаи басо муҳим маслиҳатҳои муфид доданд.    

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg