БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Парчами миллӣ рамзи давлатдорист!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Молияи вилоят” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ  баргузор гардида, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар мудири шуъбаи кор бо занон Ҳакимова Волида ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Исоев Фаррух иштирок намуданд.

Дар ин вохӯрӣ мудири шуъбаи кор бо занон Ҳакимова Волида суханронӣ намуда,  оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, аз таърихи  Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳарф зада, қайд намуд, ки  ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёрро тавассути Нишон, Парчам ва Суруди миллии он дар ҷаҳон мешиносанд, чунки ин рамзҳо  нишони асосии давлатдорӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ба шумор мераванд. Дирафши Ковиёнӣ шуҳратёр мебошад. Давлатҳои  бузурги Сосониёну Сомониён, парчамҳои пуршукуҳу зафаровари худро доштанд ва ин анъана дар давраҳои баъдина низ идома ёфта, то ба имрӯз расидааст. Дар моддаи 18-и эъломияи  Истиқлолияти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, ки Нишони давлатӣ, Парчам ва Суруди миллӣ рамзҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  буда, дахлнопазирии онҳоро қонун ҳимоя мекунад. Мутобиқи  моддаи 3-и Конститутсия  Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ба сифати  рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида, онҳо ифодагари  истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини  кишвар, муборизаи онҳо барои озоди ва рамзи соҳибихтиёрии  Тоҷикистон мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg