БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумӣ дар кӯчаҳои шаҳрак рушд меёбанд

ВОСЕЪ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар ҷамоати шаҳраки Восеъ, кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ-3 доир гардид.

Дар ин вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза ва дигар кормандони масъули Кумитаи иҷроия ишитрок ва суханронӣ карданд.

Сафарова Ҳафиза изҳор кард, ки вобаста ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ҳудуди маҳаллаю деҳаҳои шаҳр намоиши ҳунарҳои мардумӣ ташкил ва баргузор шуда истодааст. Роҳандозии чунин чорабиниҳо бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар шароити хона, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва болоравии фарҳанги тоҷикӣ таккони ҷиддие хоҳад бахшид.

Зимни суханрониҳо масъулин аз ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, зикр кард, ки боиси ифтихори мост, ки дастовардҳои замони соҳибистиқлолии мо аз сулҳу ваҳдат сар карда, то сохтмонҳои бузурги гидроэнергетикии аср, аз ҷумла Роғун, нақбу роҳҳо, сохтмони мактабу иншоотҳои фарҳангӣ дар беҳбудии кишварамон Тоҷикистон нақши муҳим доранд.

Дар охири чорабинӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроия барои иштирок дар озмунҳои ҳизбӣ дар баробари сокинони деҳаҳои ноҳияи Восеъ сокинони шаҳракро низ даъват намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg