БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШВОИ МИЛЛАТ БО НУРИ РОҒУН ПАРДАИ АБРИ ТОРИКРО ПОРА КАРД!

АНДЕША. Тоҷик яке аз миллатҳои хеле қадиму тамаддунофар буда, дар шаклгирии афкори башарият нақши бузурге дорад.  Дар айни замон ин миллати сарафроз дар дарозои таърихи пурифтихори мавҷудияти худ ҳазорҳо мушкилотро паси сар намуда, мисли самандар ҳазорҳо бор аз миёни тудаи хокистар эҳё гаштааст. Таърих гувоҳ аст, ки ҳуҷумҳои Искандари Мақдунӣ, арабҳои истилоъгар ва тохтутози чингизиён балоҳои зиёдеро ба сари мардуми тоҷик овардаанд. Тоҷикон ба ҳамаи ин мушкилот тоб оварда, забон ва ҳуввияти миллии худро ҳифз намуданд.

Фидокорию ҷонбозиҳои қаҳрамонони халқи тоҷик, чун Спитамен, Катан, Вастан, Деваштич, Муқанаъ, Темурмалик ва амсоли инҳо боиси он гардиданд, ки миллати тоҷик пароканда нагардад ва дар миёни ин ҳама гирудор поянда боқӣ бимонад. Халқи тоҷик баъд аз ташкил шудани Иттиҳоди Шурави низ дучори хусуматҳои миллӣ, аз ҷумла «Пантуркизм» гардид. Душманони миллати тоҷик намехостанд, ки тоҷикон соҳиби ҷумҳурии алоҳида бошанд. Танҳо бо шарофати фарзандони фарзонаи миллат Садриддин Айнӣ, Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва Бобоҷон Ғафуров тоҷикон соҳиби Ҷумҳурии алоҳида дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ гаштанд. Имрӯз мо тоҷикон ифтихор аз Фирдафсӣ, Рӯдакию Сино, Саъдию Ҳофиз, Ҷомию Дониш, Турсунзодаю Лоиқ ва дигар адибону донишмандон мекунем, ки онҳо бо забони ноби тоҷики асарҳо офарида, забон ва миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон машҳур намуданд.

 Пас аз пош хурдани Иттиҳоди Шурави Тоҷикистони мо низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шурави истиқлолияти худро ба даст овард. Вале мутаасифона, баъд аз эълон шудани соҳибихтиёрӣ, ки орзӯи ҳазорсолаи мардуми тоҷик буд, душманони миллат кинаву адоватро байни тоҷикон афрухта, ҷанги шаҳрвандиро таҳррези карданд. Ин ҷанги хонумонсуз ҷавонони зиёдеро ҳалок, хонаҳоро сухта ва қисме аз мардуми тоҷикро гуреза намуд. Тоҷикистон ба коми нобуди фуру мерафт, пояҳои ҳукуматдорӣ суст гардида, душманони миллат мехостанд Тоҷикистонро аз харитаи ҷаҳон нест кунанд.

 Хушбахтона, боз наҷотбахше барои миллати тоҷик дар шахси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат омада, Тоҷикистонро аз нобудӣ ва миллати тоҷикро аз парокандагиву сарафкандагӣ наҷот дод.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои сарсупурдаи миллат аз рӯзҳои аввали фаъолияти кориаш барои бартараф кардани ҷанги шаҳрвандӣ ва баргардонидани гурезаҳои бе ҳеҷ тарсу ҳарос ҷони худро ба каф гузошта барои сарҷамъи ва якпорчагии тоҷикон, пойдор намудани сулҳу суббот ва ваҳдати миллӣ дар ватан бо тамоми ҳастии худ ҷаҳду талош кард.

Ҳамин тариқ низоъҳо бартараф шуданд, вале паёмадҳои он - мушкилиҳои иқтисодӣ ҳамоно садди тарақиёти Тоҷикистон буд. Хусусан, мушкилиҳои таъмини аҳолӣ бо барқ, ки пас аз канда шудани робитаҳои байни давлатҳои ҳамҷавор ба миён омада буд, корхонаҳои саноатиро аз кор мононд ва аҳолӣ аз норасоии барқ танқисӣ мекашид.

Пешвои миллат сараввал то ҷое имкон дошт ба сохтмони неругоҳҳои барқии хурд ва бо кӯмаки шарикони рушд сохтмони неругоҳҳои обии барқии «Сангтуда-1» ва «Сангтуда-2»-ро ба роҳ монд, вале ин ҳам мушкилоти барқиро аз миён бурда натавонист. Аз ин рӯ, барои бартараф намудани ин мушкилот иқдоми наверо пеш гирифт – сохтмони НБО “Роғун”. Ҳарчанд ин сохтмон дар даврони Шуравӣ оғоз гардида буд, аммо нотавонбиноне пайдо шуданд, ки бо баҳонаҳои зиёде нагузоштанд, ки сохтмони ин иншоот қувват гирад. Пешвои муаззами миллат ба он ҳама мухолифатҳо ва нофаҳмиҳо истодагарӣ кард ва бо қатъият сохтмони бузурги НБО “Роғун”-ро вусъат дод. Кори сохтмон дар ду баст ба таври шабонарӯзи ба роҳ монда шуд. Кор дар кашонидани сангу шағал, кандани нақбҳо, бетонрезию кафшеркунӣ, тахту ҳамворкунии роҳҳои мошингузар ва умуман дар қисматҳои сохтмон хуб ба роҳ монда шуд.

Пешвои миллат сохтмони ин иншооти бузургро таҳти назорати худ гирифт. Сари ҳар чанд вақт ба неругоҳ омада барои оғози қисматҳои ин иншоот бевосита худ ба коргарон ҳамдасти намуда санги асос мегузошт, ба коргарон руҳу илҳоми тоза мебахшид. Хусусан, дар паси чанбараки булдозери пуриқтидор нишаста, баландии пурхавфу хатарро ба маҷрои пурталотуми дарё пеш андохтани ӯ тамоми мардуми Тоҷикистонро дар ҳайрат андохт. Пешвои миллат гоҳ дар паси чанбараки мошинҳои боркаш менишасту гоҳ дар назди кафшергарон истода онҳоро ба кор дилгарм менамуд.Бо бовари метавон гуфт, ки Пешвои миллати тоҷик бо нури Роғун пардаи абри торикро пора кард ва ба рӯзгори миллат равшаниву зиёи тоза ато намуд.

 Қаҳрамониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз назари ҳеҷ кадом фарди ватандуст пинҳон нест. Ба ҳар куҷое, ки меравад ӯро ҳамчун падар истиқбол мегиранд ва хурду бузург дуои хайраш мекунанд. Дар ҳақиқат корнамоиҳои ӯ боиси арҷгузорӣ ва эҳтиром аст.

Инак баъди чанде чархаи аввали НБО “Роғун” ба кор дароварда мешавад. Заҳматҳои чандинсолаи мардуми тоҷик таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самари дилхоҳ медиҳанд. Тоҷикистони азизи мо истиқлолияти энергетикиро ба даст оварда, ҳамчун як давлати интиқолдиҳандаи қувваи барқ машҳур хоҳад гашт.

 Меҳмонони зиёд аз гушаю канори ҷаҳон ба пойтахти тоҷикон омада, ин рӯйдоди муҳим – ба кор даровардани чархаи якуми НБО “Роғун”-ро ба чашми худ диданд, ба қудрату тавоноии Пешвои миллат ва мардуми шарафманди тоҷик АҲСАН гуфтанд...

 Бале, чархаи якуми НБО “Роғун” ба кор даромад ва умед аст, ки чархаҳои минбаъдаи он низ бо кӯшишу ҷаҳду талоши сарвари тоҷикони ҷаҳон, дар ҳамдастӣ бо мардуми меҳнатқарину нурофари тоҷик навбат ба навбат ба кор дароварда шуда, Тоҷикистонро ба яке аз давлатҳои бузурги интиқолдиҳандаи нерӯи барқ оварда мерасонад.

 Мо бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамеша ҳамқадаму дар конари ӯ буда, саъю кӯшиш менамоем, ки ватани худро ба яке аз давлатҳои тарақикардаи ҷаҳон табдил диҳем.

Раҳмон САИДЗОДА – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg