БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҒУН ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТ АСТ!

АНДЕША. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон дар асоси сиёсати созанда, бунёдкорона, дурбинона ва хирадмандонаи Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.

 Тоҷикистон дар ҷаҳон яке аз кишварҳои татбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» маҳсуб ёфта, аз лиҳози истифодаи манбаҳои таҷдидшавандаи энергия дар қатори шаш мамлакати пешсафи сайёра қарор дорад. Зеро 98 дарсади барқ тавассути нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешаванд.

Ҷойи ёдоварист, ки солҳои аввали соҳибистиқлолӣ, ки мебоист ҳамон вақт дар бораи НБО “Роғун” ва дигар самтҳои стратегӣ фирк мекардем, бар сари халқи тоҷик душвориҳои зиёде омад, ки то имрӯз захм ва зарари онҳо пурра ислоҳ нагардидааст. Душманони хориҷию дохилӣ дар мамлакат ҷанги шаҳрвандиро барангехтанд, ки он боиси харобиҳои зиёд, бехонумон гардидани мардум, қаҳтӣ, гуруснагӣ, бемориҳои сироятӣ, қатлу куштор гардид. Душвории дигари ба сари мардум омада маҳдудияти барқ буд, ки мардум аз норасоии он дар фасли тирамоҳу зимистон ранҷ мекашиданд, кӯдакони гаҳвораро сармо мезад...

 Ба бахти миллати тоҷик дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад. Бо заҳмати ин марди хирад сулҳу субот дар кишвар пойдор карда шуд. Вале душвории барқарор намудани иқтисодиёти фалаҷгардида аз хомӯш кардани оташи ҷанг камтар набуд. Душманони дохилию хориҷӣ ба ҳар роҳ ба давлати тозаистиқлол фишор меоварданд, монеаҳо эҷод менамуданд. Бастани роҳҳо, қатъ намудани интиқоли барқ ба шимоли мамлакат, бастани гузаргоҳҳо аз ҷумлаи он монеаҳое буданд, ки солҳо давом намуд. Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти душвориҳои ба миёномада расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти комминикатсионӣ ва таъминоти аҳолӣ ба маводи озуқавориро ҳадафҳои стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон эълон намуда, аз пайи иҷрои онҳо шуд. Дар як муддати кӯтоҳ ба шимоли кишвар хати баландшидати барқ кашида шуд. Бо дастури Роҳбари давлат дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо сохтмони нерӯгоҳҳои хурд ба роҳ монда шуд. Ин имкон фароҳам овард, ки қисме аз аҳолӣ дар фасли сармо бо барқ таъмин гарданд.

 Президенти кишвар роҳи расидан ба истиқлолияти энергетикиро пеш аз ҳама дар бунёди нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ дониста, дар шароити душвори иқтисодии мамлакат ба сохтумони нерӯгоҳи барқи обии Сангтуда - 1 ва Сангтуда - 2 оғоз бахшид. Сохтумони ин ду нерӯгоҳ ва таҷдиди нерӯгоҳҳои куҳна ва роҳандозӣ гардидани дигар тадбирҳои Ҳукумати мамлакат дар ин самт имкон фароҳам овард, ки аввалин бор дар замони соҳибистиқлолӣ дар давраи тирамоҳу зимистони соли 2017 аҳолии кишвар ва соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ бе маҳдудият ба барқ пурра таъмин карда шаванд.

 Дар баробари ин, - омадааст дар Паёми навбатии Президенти мамлакат, - истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он, аз ҷумла тавассути истифодаи васеи технологияҳои каммасраф кӯшиш намоянд. Зеро маҳз дар ин сурат мо метавонем ба истиқлолияти комили энергетикӣ ноил гардем.

 Ҷиҳати сарфаю сариштакорона истифода намудани қувваи барқ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои иловагии истифодаи сарфаҷӯёнаи энергия» аз 24 апрели соли 2009 дар бораи гузаштан ба истифодаи лампаҳои каммасрафи барқӣ мусоидат намуд.

 Бояд тазаккур дод, ки истиқлолияти энергетикӣ ва ояндаи Тоҷикистон ба бунёди иншооти аср – сохтумони НБО “Роғун” вобастагии калон дорад, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъво ва садгузориҳои душманони пешрафту тараққиёти мамлакат нигоҳ накарда, бо маблағгузории худи мардум ва буҷаи кишвар ба кори сохтумони он оғоз бахшид. Дар он рӯзҳо сокинони мамлакатро як рӯҳияи бузурги созандагӣ фаро гирифта буд. Бошандагони диёри Ховалинг ҳам чун дигар мардуми кишвар сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, Президенти мамлакатро якдилона дастгирӣ намуда, баро бунёди НБО “Роғун” маблағгузорӣ намуданд.

 Чи тавре дар боло ишора гардид, барои монеъ шудан ба сохтумон аз рӯи лоиҳаи пешбинишуда кӯшишҳо хеле зиёд буд. Даъво ва баҳсу мунозира дар атрофи сохтумони нерӯгоҳ чандин сол давом намуд ва ин боиси он шуд, ки то ба даст омадани натиҷаи ташхиси комиссияи босалоҳият рафти сохтумон мувақатан қатъ карда шавад. Хушбахтона, сиёсати инсонпарварона, татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи об аз тарафи Сарвари давлат ҳама монеаҳоро аз байн бардошт. Боиси қаноатмандист, ки тибқи арзёбиҳои байналмилалӣ Тоҷикистон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили глобалӣ дар соҳаи об эътироф гардидааст. Соли ҷорӣ бошад дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об – 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии Тоҷикистон – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» расман оғоз гардид. Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар ҳалли масоили об, ки ба манфиати тамоми мардуми сайёра мебошад, номи Тоҷикистон ва Президенти он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шуҳратёр намуд.

 Имрӯзҳо дар НБО “Роғун” кор бо ҷӯшу хурӯш давом дорад. Бинокорон азми қавӣ доранд, ки сохтумони нерӯгоҳро дар вақти муайянгардида ба истифода медиҳанд. Хабари дар моҳи ноябри соли ҷорӣ ба истифода додани чархаи (агрегати) аввали Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ҳамаи онҳоерое, ки ин Ватан, ин миллат барояшон азиз аст, шод гардонид.

 Мо ба ояндаи дурахшони кишварамон боварӣ дорем. Боварӣ дорем, ки Тоҷикистони азизи мо дар радифи давлатҳои мутараққии ҷаҳон қарор мегирад. Зеро ба Тоҷикистон шахсияте роҳбарӣ ва роҳнамоӣ менамояд, ки ҳамагон ӯро Пешвои муаззами худ медонанд ва сиёсати дохилӣ ва хориҷиашро якдилона дастгирӣ менамоянд. Ин шахсияти дар ҷаҳон ба ташаббусҳои созанда эътирофгардида Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Сафар ХАЛИЛЗОДА-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg