БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Шаҳрвандон пуштибони сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат

Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин роҳпаймоӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи таърихии тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба фаъолият оғоз намудани чархаи аввали НБО “Роғун” баргузор карда шуд.

Аъзои намояндагии ТҶҶ»Созандагони Ватан» фаъолон, аъзо ва  ҷонибдорони ҲХДТ  дар якҷоягӣ бо кормандони Кумитаи иҷроия дар бо  парчамҳои давлативу ҳизбӣ, шиору овезаҳо ва аксҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯчаҳои шаҳрак баромада,  шаҳрвандонро ба ҷашнҳои бузург шодбош гуфтанд ва ҷонибдории хешро аз сиёсати пешгирифтаи  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон исбот намуданд.

Роҳпаймоӣ  дар қисми низомӣ  0308 –и Қушунҳои сарҳадии дар маркази ноҳия воқеъгардида бо шиносоии ихтиёриёну ҷонибдорони ҲХДТ ва аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳия бо афсарону аскарони қисми низомии болозикр ба анҷом расид.

 

   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg