БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истифодабарии дурусти нерӯи барқ

А.ҶОМӢ. Мутобиқи  дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизб ва ҷадвали тасдиқгардида оид ба баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо, вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар нимаи дуюми соли 2018, дар ташкилоти ибтидоии «Барқчиён»-и назди Идораи шабакаҳои барқи ҷануби ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, хониши сиёсӣ вобаста ба мавзӯъҳои самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб гузаронида шуд.

Дар вохӯрии мазкур кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ штирок намуда оид ба дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ дар самти сараю сариштакории истифодабарии қувваи барқ ва пешгирии истифодабарии лампаҳои симобдор аз тарафи сокинониноҳия, ҳамзамон ба кор даровардани чархаи аввалини НБО «Роғун» бо дасти мубораку бобаракати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи сиёсати пайгирона сарвари давлат дар роҳи расидани Тоҷикистон ба давлати аз нигоҳи иқтисодӣ тавоно ва хуррамиву саодатмандии тоҷикистониён буда суҳбату вохуриҳо гузаронида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg