БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон бо дасту дили гарм дар ободии ватан камар бастаанд

ХУРОСОН. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар маҳаллаи Чашмаи ҷамоати деҳоти Фахробод бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  масъулин дар назди ҷамъомадагон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани соли ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 -2028», ба кор даромадани агрегати якуми НБО-и Роғун, кирӯзҳои наздик бо  иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмломалӣ Раҳмон  ва меҳмонони олиқадри хориҷ аз кишвар  баргузор гардид,  ҳарф зада,  иброз доштанд, ки  ташаббусҳои ғамхоронаи Пешвои миллат баҳри боз ҳам рушду обод шудани Ватани маҳбубамон Тоҷикистони азиз мебошад ва ҳар як фарди худогоҳу бедордилро месазад, ба қадри заҳмату хизматҳои беназири Пешвои миллат расида,  дар корҳои созандагиву ободонӣ, ҷиҳати рушду тараққиёти Ватан  саҳми арзандаи худро гузорад.

Инчунин, дар қисмати фарҳангии вохӯрӣ  масъулин аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ дидан карда, ба онҳо барои бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст  намудани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тавсияҳои судманд доданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg