БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат ҷони миллат аст…

 ХОВАЛИНГ. Ба ифтихори ба истифода додани агрегати авали Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони шуъбаи омор ва АДСИН-и ноҳия вохӯрӣ доир карда шуд.

Дар назди ҷамъомадагон раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сафар Халилзода баромад намуда, хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро аз оғоз то имрӯз ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

Дар баромад ҳамчунин дар бораи яке аз ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон-расидан ба истиқлолияти энергетикӣ сухан рафта,  қайд гардид, ки ояндаи Тоҷикистон ба соҳаи энергетика вобастагии калон дорад. Дур нест, ки Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои татбиқкунандаи «иқтисодиёти сабз» табдил меёбад. Ба истифода додани агрегати авали Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро мардуми Тоҷикистон дербоз интизорӣ мекашиданд ва хушбахтона рӯзи 16 ноябри соли 2018 онҳо шоҳиди ба истифода додани агрегати авали ининшооти аср гардиданд. Мавсуф аҳли нишастро ба муносибати санаҳои муборак табрик намуда, барои Тоҷикистони азиз пешравию шукуфоиро таманно намуд.

Иштирокдорон аз  Сафар Халилзода дар бораи аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16  –и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пайдо намуданд.

Дар охир чанде аз иштирокчиёни вохӯрӣ баромад карда, ҳозирин ва дар шахси онҳо тамоми сокинони кишварро ба ин санаҳои фархунда табрику таҳният гуфтанд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg