БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ба кор даромадани агрегати якуми НБО “Роғун” мардумро рӯҳбаланд кард

ФАРХОР. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вохӯрии навбатии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Алӣ Назаров бо ҳизбиёни Боғчаи №1, ки 30 нафар кормандони ин муассиса аъзои ҲХДТ мебошанд, доир гардид.

Сараввал, дар назди ҳозирин аз нақши муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ғояҳои миллӣ, бахусус, мавриди истифода қарор ёфтани аввалин чархаи НБО “Роғун” изҳори ақида карда шуд.

Сипас, мавсуф оид ба масъалаҳои дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ тарбия кардани насли наврас, шурӯъ аз боғчаи бачагона, ҳурамати падару модару калонсолон, риояи ҳатмии Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» суханронӣ намуд.

Иштирокчиён аз мавриди истифодаи чархаи якуми НБО Роғун изҳорӣ хушнудӣ ва рӯҳбаландӣ карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg