БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинони маҳал ҳунарҳои мардумиро бо шавқу завқи зиёд ривоҷ дода истодаанд

ТЕМУРМАЛИК. Дар асоси ҷадвали вохуӯрию мулоқотҳо дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия дар деҳаи Сартези ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишеви ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо сокинони деҳа баргузор гардид.

Дар вохӯрӣраиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҷабзода Маҳмадсаид иштирок дошта, вобаста ба сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Данғара санаи ноябри соли равон, ба истифодадиҳии чархаи якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуда, ҳамагонро барои вусъати кишту кори тирамоҳи, рушди соҳаи хоҷагидорию кишоварзӣ, бо дастовардҳои баланди меҳнатӣ ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳидоят намуд.

Инчунин, дар вохӯрӣ вакили ҷамоат, сокини деҳаи Сартез Алиев Имомқул иштирок дошта, доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳоисироятӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби либоси миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ, пешгириишаҳрвандон, алалхусус ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи дурусти фарзандон, ба волидайн фаҳмонидани моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ, даъватиҷавонон ба хизмати Ватан-Модар ҳамчун мактаби ҷасорату мардонагӣ, баландбардоштани савияи донишинаврсонуҷавонон, идомаи таҳсили онҳо дар Донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар суханронӣ намуд.

Дар қисмати фарҳангии вохӯрӣ масъулин аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки аҳли заҳмати деҳа маҳсули дастони хешро, аз қабили гулдӯзиву попурӣ, кашидадӯзиву қуроқдӯзӣва дигар намуданиҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти тару тозаи кишоварзӣ ба намоишгоҳ гузошта буданд, дидан карда, ҳунармандони хушзавқи деҳотро бароибоз ҳамрушду ривоҷ додани касбу ҳунарҳои мардумӣ, маҳсулоти кишоварзӣ даъват кард.

Дар охири Раҷабзода Маҳмадсаид ба ташкилкунандагони намоиши ҳунарҳои мардумӣ изҳори миннатдорӣ баён намуда, дар деҳаи Сартез ташкилоти нави ибтидоӣ таъсис дода шуда, раиси он Маменов Амиршо интихоб карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg