БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ эҳёи таърихи бостон аст!

ЛЕВАКАНТ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Обшорон»  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар шаҳр Назарова Фароғат, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия  Валиев Суҳроб, мудири шуъбаи ташкилӣ ва бақайдгирӣ Шомудинова Шаҳло, роҳбари  намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» Ризомова Гуландом  иштирок намуданд.

Сухани ифтитоҳиро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Назарова Фароғат  оғоз намуда, миннатдории худро ба сокинони маҳаллаи Обшорон  барои ташкили намоиши ҳунарҳои мардумӣ расонид.  Дар қисмати сиёсии чорабинӣ масъулин дар бораи сафари  кории Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара рӯзи 5 ноябри соли ҷорӣ, эълон гардидани соли 2018  ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолият оғоз намудани чархаи аввали НОБ-и Роғун, ки бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи заҳматкаши тоҷик ба даст омад, андешаронӣ карда,  сокинонро барои расидан  ба қадру манзалати сиёсати ватандӯстона,  ғамхориҳои  пайвастаи  Пешвои миллат нисбат ба  давлату миллат, истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ, пардохти саривақтии маблағи он ба хотири  расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва ғани гаштанӣ буҷаи давлат, дӯст доштани Ватан   раҳнамоӣ карданд.

Дар охири чорабинӣ ба фаъолон,  аъзо ва ҷонибдорони  ҳизб  бароиамалӣ намудани ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  бо  Сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант сарфароз гардонида шуданд. 

 

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg