БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Халқи тоҷик туй дорад...

НОРАК. Дар доираи баргузории чорабиниҳо бахшида ба истифода додани чархаи аввали НБО-и Роғун  ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Чашма-1”- чорабинии сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби иштирокдорон бо хушнудӣ пазируфта шуданд.

Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Қумриниссо Гулмуродзода иштирок дошта,  ҳамагонро ба санаҳои муҳими таърихӣ – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта,  онҳоро ба корҳои созандаву бунёдкорӣ, расидан ба қадри хизматҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумӯи кишвар, дар таъмини амнияти  истиқлолияти энергетикӣ, рушди корҳои хоҷагидориву кишоварзӣ раҳнамоӣ намуд.

Ҷойи зикр аст, ки ба истифода дода шудани агрегати аввали НБО “Роғун” боиси ифтихормандии тамоми мардум гардида, дар ин росто Тоҷикистон ба туйхона табдил ёфт.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg