БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии миллат пояндагии давлатро таъмин менамояд

ЛЕВАКАНТ. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо кормандони Маркази назорати давлатӣ- санитарӣ эпидемиологии шаҳри Левакант хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб иштирок дошта, зимнан сухани ифтитоҳиро мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Шаҳло Шомудинова оғоз намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, пешгирии мубориза бар зидди коррупсия, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ сухан гуфта, иброз намуд, ки ҲХДТ бо мақсади дастгирии мардум ва хизматрасонии сифатнокӣ тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим мешуморад.

Дар охири сухан Шаҳло Шомудинова ҳозиринро бо Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, ба онҳо хушиҳои рӯзгор ва дар фаъолияташон бурдбориҳоро таманно намуд. Пас аз суханҳои табрикотӣ иштирокдорон барои баргузории чунин як вохӯрии судманд ба масъулин изҳорӣ қаноатмандӣ карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg