БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роғун – кохи нури тоҷик!

ЁВОН. Таҳти ҳамин унвон бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия  бо ҷалби аъзо ва  ҷонибдорони ҲХДТ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ёвон шиору овезаҳо насб карда шуданд.

Инчунин, кормандони масъули кумитаи иҷроияи ноҳиявии  ҳизб дар ин рӯз суҳбати сарироҳи бо сокинон анҷом дода, афзуданд, ки Тоҷикистон бо сохтмони пурраи НБО “Роғун” ба се ҳадафи стратегӣ ноил шуда, аз ҷумлаи кишварҳои пешрафта дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад гашт. Вақте ҳадафҳои сегонаи стратегиро мавриди баррасӣ қарор медиҳем, ба ин ҳақиқат мерасем, ки Тоҷикистон аллакай дар амалисозии бахши азими онҳо муваффақ буда, барои ҳамқадами давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон гаштан заминаҳои мусоид фароҳам овардааст, зеро ҳадафҳои стратегӣ тақвиятдиҳандаи якдигар гашта, механизми рушди соҳаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд меоранд.

Пешвои миллат НБО “Роғун”-ро масъалаи ҳаёту мамот дониста, аз ҷумла таъкид доштаанд: «Бунёду барқарорсозии ин иншооти муҳиму стратегӣ барои таъмини зиндагии сазовори наслҳои имрӯзу оянда хизмат мерасонад. Он барои рушди иқтисодиёт ва дар маҷмӯъ барои пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат заминаи мусоид фароҳам меорад. Баъди ба истифода додани неругоҳ имкон аст, ки дар кишвар даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ ифтитоҳ ва ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёбад».

 

      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg