БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НБО “Роғун” нерӯдиҳандаи халқ аст!

ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ масъулин бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Абубакр Ҷалолов, сармуҳосиби Кумитаи иҷроия Рустамҷон Хоҷаев ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занон Умедҷон Холов дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаҳои «Меҳргон» ва «Гулафшон» бо мардуми муқимии туркментабор вохурӣ доир намуданд.

Масъулин дар назди ҷамъомадагон оиди мавриди истифода қарор додани нахустин агрегати НБО “Роғун”, ки бо иштироки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз як дастоварди бузург ва муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ мансуб ёфта, дар қатори азимтарин иншоотҳои муҳими ҷаҳон ҷойгир гардидааст, андешаронӣ кардаанд.

Аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ин санаи таърихиро ба саъми тамоми сокинони деҳот аз хурд то бузург расонанд, то дар хотири ҳар як шаҳрванд ҳамчун рӯзи фаромӯшнашаванда боқӣ бимонад. Сокинони деҳот аз баромади пурмуҳтавои масъулин баҳравар гардида, иброз намуданд, ки ҳамеша мо аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ мекунем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg