БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Парчами миллӣ нишонаи озодиву истиқлолият аст!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Соҳибватан” вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо аъзои ҳизб хониши сиёсӣ баргузор гардида, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуот Ализода Одил ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Исоев Фаррух иштирок намуданд.

Зимнан Ализода Одил оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуда, ҳамагонро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуд.  Сипас, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Соҳибватан” Фариза Абдуллоева дар мавзӯи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада қайд намуд, ки ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёрро тавассути Нишон, Парчам ва Суруди миллии он дар ҷаҳон мешиносанд, чунки ин рамзҳо нишони асосии давлатдорӣ ва Истиқлолияти давлатӣ ба шумор мераванд. Парчам ва Суруди миллӣ рамзҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар паноҳи халқ ва қонун қарор доранд. Мутобиқи моддаи 3-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ба сифати рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардида, онҳо ифодагари истиқлолият, ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳои сокини кишвар, муборизаи онҳо барои озодӣ ва рамзи соҳибихтиёрии Тоҷикистон мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg