БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ободкорию созандагӣ қарзи шаҳрвандии мост!

А.ҶОМӢ. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар деҳаи Ҷомии ҷамоати деҳоти Яккатут хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур мудирони шуъбаҳои кор бо занон ва ҷавонон Самадзода Саёҳат  шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Х. Мирзоев ва мутахассиси шуъбаи ташкилии Кумита иҷроия Маҳмадшарифи Ҷ, иштирок намуда, оид ба корҳои созандагиву ободкорӣ дар маҳаллаҳо ҷиҳати сазовор таҷлил ва истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, омодагии хоҷагиҳо ба давраи тирамоҳу зимистони пешомад суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, масъулин дар идомаи суҳбат  иброз доштанд, ки сарсабзу хуррам нигоҳ доштани ҳар як гӯшаи Тоҷикистони азизамон қарзи шаҳрвандӣ ва нишонаи олии пайравӣ ба Пешвои миллат аст.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg