БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роғун ба хонадони мардуми тоҷик нуру зиё овард

ХУРОСОН. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар деҳаи Куҳдомани ҷамоати деҳоти Фахробод бо сокинони маҳал  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулин ҷамъомадагонро барои  бо санаи муҳими таърихӣ, яъне ба фаъолият оғоз намудани НОБ-и Роғун, ки  мардуми сарбаланди тоҷик боз бо яке аз дастовардҳои навбатии даврони соҳибистиқлолии кишвар бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат даст ёфтааст, шодбош гуфта,  ба хонадони  ҳар як сокини ки швар нуру зиёро таманно карданд.

Баъдан  дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, эълон гардидани Соли рушди  сайёҳӣ ва хунарҳои мардумӣ, азтаърихи Парчами  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини амнияти озуқаворӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ  ва дар бораи моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуда, ҳамагонро ба корҳои созандагиву ободонӣ даъват карданд.  

    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg