БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роғун саҳифаи нави бахту саодати миллат аст!

ХОВАЛИНГ.  Дар Коллеҷи техникии ноҳия бо иштироки васеъи аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи таърихии 16-уми  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор андохтани агрегати авали Нерӯгоҳи барқии обии Роғун ҷамъомади тантанавӣ ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Сатторов Саидҷалол ва роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и ноҳия Ҷамолиддин  Қаюмов иштирок ва баромад намуданд.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Саидҷалол  Сатторов дар баромадаш дар бораи санаҳои муборак ба таври муфассал маълумот дода, ҳозиринро ба фаъолияти пурсамар, созанда ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шинос кард.

Ба кор андохтани агрегати авали Нерӯгоҳи барқи обии Роғунро ӯ як ҳодисаи фараҳбахшу фаромӯшнашаванда арзёбӣ намуда, афзуд, ки ояндаи Тоҷикистон ба соҳаи барқ вобастагии калон дорад. Соҳаи энергетика дар ояндаи наздик ҳаёти хушбахтонаи халқи тоҷикро таъмин менамояд. Бунёди НБО-и Роғун ба нерӯгоҳҳои поёноб- Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда- 1 Сангтуда -2  умри дубора бахшида аз рӯи баҳои додаи Пешвои миллат муҳлати истифодабрии онҳоро садсолаҳо зиёд менамояд.

Саидҷалол Сатторов дар баромадаш дар бораи аҳамияти таърихии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар таърих ҳамчун Иҷлосияи тақдирсози миллат номбурда мешавад, маълумот дод.

Дар ҷамъомади тантанавӣ аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» - и Коллеҷ баромад намуда,  дар васфи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Иҷлосияи тақдирсози 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва НБО Роғун шеърҳои азёднамудаи худро қироат  карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg