БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Аксияи ҳизбии «Фурӯғи нури раҳмонӣ” дар маҳал роҳандозӣ гардид

ПАНҶ. Баҳри расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва мустаҳкам кардани дӯстию рафоқат миёни сокинон дар маҳаллаҳои ҷамоати деҳоти Меҳвар бо сокинон, фаъолон ва аъзою ҷонибдорони ҳизб Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Фурӯғи нури Раҳмонӣ» баргузор гардид.

Дар аксияи ҳизбӣ-таблиғотӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзиев Каримҷон,  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок  ва суханронӣ  намуданд.

Ҳамоишро  Файзиев Каримҷон  кушода, ҳамагонро бо ба истифода додани чархаи аввали нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» табрику таҳният намуда, баъдан қайд намуд, ки халқи тоҷик тавонист, ки  арзишҳои миллию фарҳангии худро аз нав эҳё намояд ва билохира бо талошу кӯшишҳо ва роҳбаладии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  тоҷиконро ҳамчун миллати дорои фарҳанги воло ва ватансоз ба ҷаҳониён муаррифӣ созад.

Боварии комил аст, ки мардуми шарафманду ватандӯсти Тоҷикистон бо пайгири аз сиёсати  оқилонаву хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳиммат баста, баҳри ободонию созандагӣ ва гул-гулшукуфии  Ватани азизамон Точикистон саҳми босазои худро хоҳад гузошт.

Дар идома масъулони Аксияи ҳизбӣ   варақаҳои таблиғотии «Фурӯғи нури Раҳмонӣ»-ро ба сокинон дастрас намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg