БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонони солим-ояндаи солим

ЁВОН. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо ва соатҳои сиёсӣ аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар бахши ҷавонон ва варзиши  ноҳияи Ёвон  бо иштироки аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ҷавонон» хониши  сиёсӣ баргузор гардид.

Дар ҷараёни вохӯрӣ и.в.муовини раиси Кумитаи иxроияи ҲХДТ дар ноҳия Солиҳов Маҳмадрасул  иброз дошт, ки имрӯз 70 % -и аҳолии кишварро ҷавонон ташкил медиҳанд. Дар ноҳияи Ёвон 93506  нафар аҳолии ноҳияро ҷавонони аз синни 14 то 30 сола  ташкил медиҳад.  Ҷавонони ноҳияи Ёвон сиёсати созандаи ҲХДТ –ро дар сатҳи маҳал  ҳаматарафа  дастгирӣ намуда истодаанд. Имрӯзҳо метавон иштироки фаъолонаи ҷавононро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мушоҳида ва баҳогузорӣ намуд.

Баъди он, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти комили давлатӣ ба даст овард, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҷавононро дар ҷомеа ҳамчун як масъалаи ниҳоят муҳим ва ҳалталаб  арзёбӣ намуд. Ҷомеаи мутамаддинро бе нақши ҷавонон тасаввур кардан мумкин нест. Хушбахтона, бузургтарин ҳадафи ҳизбамон бунёди ҷомеаи адолатпарвар бо иштироки ҷавонони заковаташон таҷассумгари  маънавиёти гаронбаҳои халқи куҳанбунёди мо мебошад.

Ғамхорӣ дар ҳаққи ҷавонон ва ҳарчи бештар ба арсаи сиёсӣ ҷалб намудани онҳо  ҳамеша дар мадди назари Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб буда, дар як муҳлати кӯтоҳ дар ин самт комёбиҳои намоён ба даст омад.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg