БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истифодаи сарфаҷӯёнаи қувваи барқ вазифаи ҳар фарди ватандӯст аст

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маорифчин”- МТМУ №16 хониши сиёсӣ ва маросими супурдани билетҳои ҳизби баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Алиев Зафар иштирок дошт.

Зимнан дар назди ҷамъомадагон Алиев Зафар дар бораи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, масъулияти ҷиддӣ зоҳир намудани волидайн дар таълиму тарбияи фарзанд, пешгирии никоҳи хешутаборӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемории сироятии ВНМО, муқовимат бо коррупсия, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, ба фаъолияти оғоз намудани агрегати якуми НБО-и Роғун, ки бо иштироки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, андешанронӣ карда, аз ҷамъомадагон барои расидан ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат дар таъмини пурраи истиқлолияти энергетикӣ, истифодаи сарфҷӯёнаи нерӯи барқ ва пардохти саривақтии маблағи он даъват ба амал овард.

Дар анҷоми вохӯри ба 11-нафар билетҳои ҳизбӣ дар вазъияти тантанави супорида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg