Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!

РОҒУН ИН НАНГУ НОМУСИ МИЛЛИСТ!

АНДЕША. НБО “Роғун” иншооти стратегии мамлакат ба ҳисоб рафта, зери сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гашта истодааст. Боиси ифтихор аст, ки санаи 16-уми ноябри соли равон – дар рӯзи солгарди Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президент агрегати аввали НБО “Роғун” ба кор дароварда шуд. Сокинони кишвар ба ин масъалаи ҳаётан муҳимми энергетикӣ-иқтисодии мамлакат тавваҷҷуҳи хоса доранд. Саҳифаҳои матбуот, намоишҳои телевизионӣ, барномаҳои радиоӣ ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста аз рафти корҳои сохтмонӣ маводҳои ҷолиберо ба мардум пешкаш менамоянд. Ин иншооти муҳимми аср баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикӣ бунёд мегардад.

Бояд ёдовар шавем, ки сохтмони ин иншооти азими гидроэнергетикӣ ҳануз соли 1976 бо иқтидорӣ лоиҳавии 3600 МВт оғоз гардида буд. Ин иншоот аз 6 агрегат бо тавоноии 600 МВт-и иборат ва бо баландии 335 метр сарбанд, ки дар ҷаҳон баландтарин сарбанд ба ҳисоб меравад, муайян шуда буд. Аммо бо барҳамхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва саршавии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон сохтмон нотамом монд.

Бо ташаббусу иқдомҳои созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2005 байни Ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Русский алюминий» («Русал»)-и Федератсияи Русия ҷиҳати шурӯи дубораи сохтмони НБО Роғун шартнома имзо шуд, аммо он амалӣ нагардид. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 - августи соли 2007 он шартномаро бо ширкати «Русал» бекор намуда, азм кард, ки ин нерӯгоҳро бо маблағи худ месозад. Бо ҳамин мақсад ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» таъсис ва Оинномааш 15 апрели соли 2008, тасдиқ гардид ва сохтмон бо харидории саҳмияҳои НБО Роғун аз тарафи сокинони мамлакат шурӯъ шуд. Аммо дере нагузашта кишварҳои ҳамсоя ба созмонҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла ба СММ шикоят намуданд, ки ин иншоот хатарнок буда, мушкилиҳои экологиро ба вуҷуд меорад.

Дар ин робита роҳбарияти олии кишвар аз минбарҳои баланди созмонҳои ҷаҳонӣ баромад намуда, қайд намуданд, ки «Ҳадафи сохтмони Роғун танҳо пайгирии манфиати худӣ набуда, сохтмони ин иншоот ба манфиати кишварҳои минтақа низ мебошад ва мо ҷонибдори самимии ҳамкориҳои минтақавӣ ҳастем ва хоҳем монд». Пешвои миллат аз тамоми созмонҳои ҷаҳонӣ даъват ба амал оварданд, ки омада масоили техники иқтисодӣ ва экологию иҷтимоии лоиҳаи сохтмони НБО “Роғун”-ро баҳогузорӣ намоянд.

Ёдовар мешавем, ки дар давоми солҳои 2008-2014 масоили техникиву иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоии лоиҳаи сохтмони НБО «Роғун» аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ бо ҷалби ширкатҳову коршиносони байналмилалии Фаронса, Италия, Британияи Кабир, Швейтсария ва дигар давлатҳо ба таври шаффоф ва воқеъбинона баҳогузорӣ карда шуд. Аз рӯи натиҷаи ин баҳогузориҳо сохтмони нерӯгоҳи номбурда аз ҷиҳати бехатарӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоӣ манфиатнок арзёбӣ гардидааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати идомаи корҳои сохтмонӣ соли 2016 бо ширкати Итолиёвии Salini Impregilo қарордоде ба имзо расонидааст, барои сохтмону ба кор даровардани ду агрегати барқии НБО Роғун 3,9 млрд доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст. Танҳо барои бунёди сарбанди сунъии калонтарини Роғун сарфи 1 миллиарду 950 миллион доллар маблағ пешбинӣ шуд.

Имрӯзҳо ҳазорон фидоиёни мамлакат шабу рӯз дар майдони кори нерӯгоҳ заҳмат кашида, бо ғурури рустамона ва ҳиммати фарҳодона ҷиҳати дар фурсати кӯтоҳ ба истифода додани Роғун тадбирҳои муассир андешида истодаанд.

Солҳои пешин аҳолии кишвар аз набудани барқи доимӣ ба душвориҳои зиёде рӯ ба рӯ мешуданд. Тайи ду сол шуд тамоми мардуми Тоҷикистон ба қувваи барқи доими таъмин мебошанд.

Бунёди Роғун ин нангу номус ва ифтихори ҳар шаҳрванди Тоҷикистон аст. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17,1 млрд. кВт-соат нерӯи барқ ҳосил бикунад, ки ин қадами устовор ба амалишавии Истиқлолияти энергетикии мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Тоҷикистон аз назари ҷуғрофӣ дар куҳсори Осиёи марказӣ қарор дорад ва чунин мавқеъият барои истеҳсоли энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза «Энергияи сабз» мусоид мебошад. Бе сабаб нест, ки яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат истиқлолият энергетикӣ муайян шудааст. Ин ҳадафи стратегӣ танҳо пурра ба қувваи барқ таъмин намудани мардуми Тоҷкистон нест, балки фаротар аз он аст. Тибқи арзёбии коршиносони соҳа иқтидори энергетикии Тоҷикистон дар як сол то 586 млрд кВт-соат мебошад. Мардуми Тоҷикистон умедвор аст, ки зери сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат ба ин ҳадафи олӣ мерасад.

Дар муроҷиатноми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд, ки «Он руз дур нест, ки дар партави нури Роғун парчами Тоҷикистони соҳибистиклол ва тоҷи заррини давлати тоҷикон ҷилои тозае хоҳад гирифт».

Акнун он рӯз ҳам расид мардуми Тоҷикистон санаи 16-уми ноябр бо кушодашавии чархаи якуми НБО «Роғун» бори дигар ба ҷаҳониён қудрати азалии хешро нишон дода аз рисолати созандагию бунёдкоронаи худ дарак хоҳад дод.

 Аз ту Роғун иқтидори миллат афзун мешавад,

 Тоҷикистони азизи мо дигаргун мешавад.

 Энергияи истеҳoсолкардаи НБО “Роғун” на танҳо ҷумҳуриамонро аз буҳрони энергетикӣ мебарорад, инчунин имкон медиҳад, ки як қисм нерӯи барқи истеҳсолшуда ба кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Афғонистон ва Покистон, ки ба энергияи барқ талаботи зиёд доранд ба фуруш бароварда шавад.

Хулоса, фардои дурахшони Точикистон аз бунёди НБО “Роғун” вобаста аст. Сохтмони неругоҳи Роғун корнамоии навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Воқеъан ҳам исбот гашт, ки ин марди бузург бо рисолати бунёдкрона ва мактаби ваҳдатофару меҳанпарастонаи худ ва бо мардуми дорои нерӯи бузургу иродаи тавоно ин нерӯгоҳро сохт.

Алиҷон НАЗАРОВ – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg