БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҒУН МОЯИ ИФТИХОРИ МО СОҲИБВАТАНОН АСТ!

АНДЕША. Нахуст, кулли ҳамватанонро ба муносибати ба кор оғоз намудани агрегати аввали НБО “Роғун”, ки нишонаи иродаи қавии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, табрику шодбош мегӯям.

Бояд гуфт, инсон ҳамеша ба равшанӣ ва нур эҳтиёҷ дорад, рӯшноиро рамзи зиндагӣ ва ободӣ медонад. Нуру зиё зиндагиву ҳастии инсонро мунаввар месозад, атрофу муҳити иҷтимоиву табииро барои дидану шинохтанаш инконпазир мегардонад. Имрӯз бо боварӣ метавон гуфт, ки мардуми шарифи Тоҷикистон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта истодаанд. Шоёни ёдкард аст, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ аз 23-январи соли 2015 ба аъзоёни Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуда буданд, ки «Ба туфайли сохтмони нерӯгоҳҳои калон ва бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои хурди барқӣ ба даст овардани амнияти энергетикӣ имконпазир аст».

Мо сокинони шаҳри Норак, ки ҳамарӯза рафти кори НБО “Норак”-ро бо чашми сар медидем ва аҳамияти онро дар ҳаёти ҳаррӯзаамон эҳсос намуда будем, моҳияти ин суханони Пешвои миллатро ба пуррагӣ дарк намудем. Воқеан, Тоҷикистон аз ҷиҳати захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон баъд аз Чин, Россия, ИМА, Бразилия, Алҷазоир, Ҳиндустон ва Канада дар ҷойи ҳаштум меистад. Ин ҳам дар ҳолест, ки айни замон қисми хурди потенсиали иқтисодии захираҳои гидроэнергетикии ҷумҳурӣ истифода бурда мешавад.

Дар пайи ин сиёсати созанда дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат 305-нерӯгоҳҳои хурд ва 2432-то таҷҳизоти барқдиҳандаи офтобӣ мавриди истифода қарор дорад. Дар доираи барномаи давлатии қабулшуда дар мамлакат то охири соли 2013-ум 310-нерӯгоҳҳои барқии обии хурд бо иқтидори 29000-кВт сохта шуда, сохтмони боз 10-нерӯгоҳҳои хурд бо иқтидори 14000-кВт идома дорад. Соли 2014 агрегати нерӯгоҳи барқии обии «Сангтуда-2» ва агрегати якуми навбатии аввали маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори 220-МВт ва соли 2017 ба назардошти навбати аввал бо иқтидори 400-МВт ба истифода дода шуд.

Бо ин ҳама ғояи миллии мо тоҷикон ин сохтмони НБО “Роғун” буд, ки бар рағми ҳама монеаҳо бо иродаи матини Пешвои миллат сохта шуда истодааст ва санаи 16.11.2018 аввалин агрегати он ба кор андохта шуд. Имрӯз сохтмони яке аз нерӯгоҳҳои калони ҷумҳурӣ НБО-и Роғун бо иқтидори лоиҳавиаш 3600-МВт бо маром идома дорад ва чархаи дуввуми он мувофиқи нақша соли оянда ба гардиш медарояд.

Бе бадеият метавон гуфт, ки Роғун ин ояндаи дурахшони миллати тоҷик ва Тоҷикистони азиз мебошад. Ба кор андохтани аввалин гидроагрегати НБО-и “Роғун” яке аз рӯйдодҳои муҳимми таърихӣ на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа ба ҳисоб меравад ва барои тараққиёти иқтисодии Тоҷикистон аҳамияти калон дорад.

Дуруст аст, ки Пешвои миллат рушду нумӯи соҳаи энергетика, махсусан нерӯгоҳҳои барқи обиро яке аз рукнҳои асосии тараққиёти иқтисодиёт мешуморад ва таъкид менамояд, ки: «Таҳкурсии асоситарини иқтидори иқтисодии ҳар давлат рушди соҳаи энергетика мебошад». Вобаста ба ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ноил гардидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ва аҳамияти бунёди НБО-Роғун Пешвои миллат таъкид дошт, ки истифодаи захираҳои ғании гидроэнергетикӣ, бахусус бунёди НБО-и Роғун роҳи асосии расидан ба истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон аст.

Табиист, ки бунёди неругоҳҳои барқӣ ба осонӣ муяссар нашудаанд. Дар тӯли солҳои истиқлолии кишвар бо кӯшиши пайгиронаи Пешвои миллат ва бо кору пайкори бинокорон ва кормандони муҳандисию техникии ин соҳа ба ин комёбиҳо муваффақ гардидаем. Муҳимтарин воқеаи таърихие, ки соли 2016 ба вуқуъ пайваст, иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бастани маҷрои Вахш ва оғози бунёди сарбанди Роғун буд. Аз кадом ҷиҳате, ки ба ин рафтори ҷасурона ва наҷибона баҳо надиҳем, як чиз мусаллам аст: Пешвои миллат бо азму иродаи бемисл, (зеро таърих ёд надорад, ки Президенти ягон кишвари дунё худаш ба булдозер нишаста, маҷрои дарёро баста бошад), собит карданд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба бунёди чунин азамати энергетикӣ қодир аст ва онро ҳатман месозад. Ин амал ибрати барҷастаи шахсии ватандорию ватандӯстӣ буд. Ин қаҳрамонист ба хотири ояндаи накӯи давлату миллат.

         Санаи 16-уми ноябри соли равон агрегати якуми НБО-и Роғун ба истифода дода шуд. Ин санаи таърихиро ҳар яки мо тоҷику тоҷикистонӣ бесаброна интизор будем. Ба истифода додани агрегати нахустини НБО-и Роғун гувоҳи сиёсати пайгиронаи Пешвои миллат ва хуррамиву саодатмандии мардум мебошад.

 Сарвари давлати Тоҷикистон дар бунёди НБО “Роғун” шуҷоати фитрӣ, истеъдоди камназири кишвардорӣ, муҳаббати бепоён ба халқу Ватан ва талошҳои хастанопазир барои зиндагии беҳтару шоистаи мардумро ҳувайдо кард. Зеро Роғун нафақат истиқлолияти энергетикии мамлакатро таъмин мекунад, дар иқтисодиёти миллӣ ҷаҳишҳо ва пешрафтҳои беназирро ба амал меоварад, балки ба сифати ғояи ҳаётбахши умумимиллӣ ваҳдату иттиҳоди халқи Тоҷикистонро аз азамату пойдории бештаре бархурдор менамояд.                                                                       

Имрӯз Роғун мояи ифтихори мо соҳибватанон аст. Ҳар яки мо пеш аз ҳама бояд ба қадри заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бирасем, фикри имрӯзу ояндаи худу фарзандонамонро намуда, дар рушди соҳаи энергетикаи кишвар бо ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандӣ саҳми босазо гузорем.

Қ. ГУЛМУРОДЗОДА - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg