БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роғун асолат аст…

Ш.ШОҲИН. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар деҳаи Саричашмаи боло бо сокинони қишрҳои гуногуни ҷомеа вобаста ба истифода додани агрегати якуми НБО “Роғун” суҳбат доир карданд.

Нахуст вохӯриро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Асақолов Алиҷон кушода, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Данғара, эълон гардидани соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба истифода додани чархаи аввали Нерӯгоҳи барқи обии Роғун ва моҳияти Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ карда, сокинонро бо фарорасии санаи муҳими таърихӣ шодбош гуфт. Дар зимн қайд кард, ки Роғун воқеан асолати миллии моро миёни ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон дод

Сипас, Неъматов Абдуҷаббор мудири шуъбаи таблиғот, иттиллот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба сухан баромада, аз суханронии Роҳбари давлат терроризм экстремизм ва шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро, инчунин дар бораи солими ҷомеаи имрӯза суханронӣ намуд.     

Қурбонова Баҳринисо вакили деҳаи болозикр ба сухан баромада суханони кормандони кумитаро ҷонибдорӣ намуда, аҳли деҳаро бовар кунонид, ки иқдоми пешгирифтаи Пешвои миллатро ҳамаҷониба тарафдорӣ менамоем.  

   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg