БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Истифодаи самараноку мақсадноки замин ҳадафи муҳимми ҲХДТ мебошад

ҶАЙҲУН. Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар байни аъзоёни ташкилоти ибтидоии «Кумитаи замин»-и хониши сиёсии ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим, ва 7 нафар аъзоёни фаъоли ташкилоти ибтидоии болозикр доир гардонида шуд.

Зимнан муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Сабурзода Насим вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баромад намуда, доир ба мавзуи барасишаванда қайд намуд, ки баланд бардоштани маданияти заминдорӣ, истифодаи самараноки обу замин ва ҷорӣ намудани кишти такрорӣ ба афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ мусоидат карда, дар ин замина яке аз ҳадафҳои олии Стратегии мамлакат, яъне «Таъмини амнияти озуқворӣ»  амали карда мешавад.

Қобили қайд аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.01.2015 ҷиҳати иҷрои пурраву саривақтии барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Тоҷикистон доир ба соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла масъалаҳои баланд бардоштани маданияти истифодаи замин ва дуруст ба роҳ мондани чорабиниҳо вобаста ба азхудкунии заминҳои нав дастуру супоришҳои мушахас доданд.

Ҳамчунин дар рафти чорабини масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат аз 22.12.2016 иқтибос оварда қайд намуданд, ки бо дарназардошти афзоиши шумораи аҳолии мамлакат ва бо мақсади рушди соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт дар деҳот дар даврони истиқлолият зиёда аз 190 ҳазор гектар заминҳои корам аз гардиши кишоварзӣ бароварда шудаанд, ки аз он 134 ҳазор гектар барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва 10 ҳазор гектар барои бунёди корхонаҳои саноативу муассисаҳои иҷтимоӣ ҷудо гардидааст.

Бинобар ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ супориш доданд, ки ҷиҳати пешгирии ин раванд ва ҳамасола зиёд намудани майдони заминҳои ба гардиши кишоварзӣ воридшаванда иҷрои “Барномаи давлатии азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва барқарорсозии заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда барои солҳои 2012 – 2020” – ро таъмин намоянд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg