БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо ба анъана, урфу одатҳои аждодӣ ва оинҳои миллии хеш ифтихор мекунем!

ВАХШ. Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Иттифоқи ҷамоати деҳоти 20- солагии Истиқлолияти ноҳияи Вахш чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ доир карда шуд.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Одилҷон Маҳмадов ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Сараввал ҳамаи чамомадагонро бахшида ба Рӯзи Президент ва кушодашавии аввалин чархаи НБО- Роғун табрику шодбош гуфта, аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки тамоми ҳунарҳои миллии хоси мардуми тамаддунофари тоҷикро ба намоиш гузошта буданд, дидан намуда, аз тамошои маҳсули дасти ҳунармандони деҳа ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд. Инчунин қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точҷкистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз намуданд: «Миллате, ки ба анъанаҳо, урфу одатҳои аҷдодӣ ва оинҳои миллии хеш ифтихор дорад, метавонад аз неъмати бебаҳои Истиқлол баҳра гирад, дар бунёди давлат ва давлатдории навин саҳм гузорад».

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg