БОХТАР. Дар кӯчаи Ургутмаҳаллаи шаҳри Бохтар бахшида ба эълон гардидани соли 2018 Соли рӯшди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур Ҳакимова Волида-мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва дигар даъватшудагон, занони ҳунарманди маҳалла иштирок намуда, ҳунару маҳорати худро ба масъулин пешкаш карданд.
Сипас, дар идома Ҳакимова Волида ба аҳли занони маҳалла барои иштироки фаъолонаашон миннадорӣ баён карда, ҳамагонро барои ба истифода додани чархаи аввалини НБО “Роғун” табрику муборакбод гуфт.