БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолият роҳҳои ноҳия ободтар мегарданд

БАЛҶУВОН. Дар деҳаҳои дурдасти Даштаро ва Сафелрахи ҷамоати деҳоти Сари Хосори ноҳияи Балҷувон, ки ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ ташкил ёфтаанд, бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, саҳм гузоштан дар корҳои бунёдкориву созандагӣ, омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санаҳои муҳимми таърихӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Зикр гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳия симои худро ба куллӣ тағйир дода, оянда ба истиқбол аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қисми дигари роҳҳои деҳаҳои ноҳия сангфарш ва асфалтпуш хоҳанд шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар вохӯрӣ масъулин доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, қонуни соҳаи кишоварзӣ, ки дар он тағйиру иловаҳо нав ба самти хоҷагиҳои деҳқонӣ дохилгардидаро ба роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ бар замми мавзӯъҳои болозикр фаҳмонида, барои амалӣ намудани қонунҳои амлкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷамъомадагон даъват ба амал оварданд.

Аз ҷониби масъулин дар идома таъкид карда шуд, ки раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ ба нашрияҳои ҳизбии «Минбари Халқ» ва «Ҳамрози халқ» обуна гардида, сатҳи дониши сиёсиву маънавии сокинону кормандони хешро боз ҳам баланд бардошта, саҳми арзандаи худро дар ин самт гузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg