БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Роғун манбаи нуру рушнои ва ояндаи босаодати мост!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази радиошунавоии №5»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хониши сиёсӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кор даровардани аввалин чархаи НБО-и “Роғун” доир карда шуд.

Дар он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдулҳаев Маҳмадсаид иштирок ва суханронӣ намуд. Зимнан М. Абдулҳаев ба сухан баромада, ҳамаи ҷамъомадагонро бахшида ба санаҳои муҳими таърихӣ ва кушодашавии аввалин чархаи НБО-и Роғун табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташакулли давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ саҳми бориз гузоштааст. 16- ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад. Ҳамин меҳру муҳаббат ба Президент буд, ки ҷомеаи пешрафтаву навмеднагардидаи тоҷиконро зери ғояи Ваҳдати миллӣ ба ҳам оварда, девори устувори бегазанди соҳибистиқлолиро бунёд сохтанд...

Ва қайд намуд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор ёфтани чархаи аввали НБО-и Роғун эҳтиёҷоти дохилии кишвар ба нерӯи барқ ба пуррагӣ таъмин гашта, Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои азими содиркунандаи нерӯи барқи сабз табдил меёбад, ки эътибору шуҳрати Ватани азизамонро баланд бардошта, мавқеъи онро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам мустаҳкам мегардонад. Роғун аз ҷиҳати сохтмони муҳандисӣ беҳамто ва дар дунё беназир буда, бо вожаи «тоҷик» тавъам гардида, муаррифгари аслии Тоҷикистони соҳибистиқлол мегардад. Роғун барои наслҳои оянда меъроси гаронбаҳое мебошад, ки муаррифгари шоҳкориҳои наслҳои имрӯз мегардад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg