
ШАҲРИТУЗ. Тибқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз дар ТҚХ бонки «Ҳумо» хониши сиёсӣ бо иштироки муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Ачелдиев Турдимурод гузаронида шуд.
Зимнан Ачелдиев Турдимурод андешаронӣ карда, афзуд, ки дар замони муосир ҳеҷ як миллату давлат, аз хатарҳо ва таҳдидҳои навини ҷаҳони дурр буда наметавонад. Аз ҷумла дар Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон низ дар давоми 27 соли Истиқлолияти давлатӣ, амалҳои ғайриинсонӣ аз тарафи душманони миллату давлат ба вуҷуд омадаанд, ки амнияти кишварро халалдор намуда, боиси пешрафти сатҳи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ гаштааст.
Омӯзишҳои даврони соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки терроризм ва таассуби динӣ оқибатҳои фоҷеаовар ба ҳар давлату миллат ба бор меорад. Зеро дар олами муосир қариб кишваре ё минтақаеро дарёфт кардан ғайриимкон аст, ки аз амалҳои террористӣ, таассуби динӣ ва оқибатҳои ҳузновари он дар канор монда бошад. Дар солҳои охири асри ХХ ва авали асри ХХI терроризм чунон шакл гирифтааст, ки дар гӯшаву канорҳои гуногуни олам, дар марказҳои бузурги тамаддуни муосир ва ҳатто дар ҳаёти одамони алоҳида нақш ва таъсири онро дарёфт намудан кори муқарарӣ гардидааст.Омилҳо ва заминаҳои рушди терорризм, навъҳо ва хусусиятҳои зуҳурёбии он ҳам сифатанва ҳам ҳаҷман бузург гаштаанд. Ба паҳн гардидани хабар ва амалҳои шумӣ ғайриинсонӣ, сабабгори пешрафти иттилоотӣ замонавӣ (интернет ва алоқаи фосилавӣ) мебошад.