БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мо аз табори обҳо!

Н.ХУСРАВ. Хониши сиёсӣ дар мавзӯъи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” бо кормандони Хоҷагии оби ноҳия баргузор гардид.

Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҷиҳати боз ҳам густариш додани иртибот бо мардум ва ҷалби васеъи сокинон оид ба амалӣ намудани нуктаҳои Паёми имсолаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор , 2018-2028» раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нҳия Алиева Сураё баромад намуда, қайд кард, ки вобаста ба ҳалли масоили об кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ чандин ташаббусҳои созандаро пешниҳод намуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи ду даҳсолаи гузашта ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили гообалӣ дар соҳаи об мебошанд. Вобаста ба ин дар мамалакати мо низ чорабиниҳои гуногун вобаста ба масоили об мунтазам баргузор мегардад.

Доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲҲДТ дар ноҳия Муродов Раҳмон баромад намуда, дар маҷмӯъ қайд кард, ки мақсади баргузории хониши сиёсӣ таҳким бахшидан ба Ваҳдати миллӣ ба хотири тақвияти минбаъдаи пояҳои давлатдории миллӣ, татбиқи оғози «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ҷамъбасти Соли тақвияти робита бо маҳал ва сазовор истиқбол намудани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафарбар намудани сокинони ноҳия дар ҳалли масъалаҳои созандагию бунёдкорӣ, инчунин роҳнамоии онҳо дар ҳалли масъалаҳои иҷтимо, иборат мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg