БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Нақши самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ дар баланд гаштани сатҳи маънавиёти ҷомеа муассир аст

 Ш.ШОҲИН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар деҳаи Қавоқи ҷамоати деҳоти Саричашма вохӯрӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ  бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  доир намуданд.

Зимнан вохўриро мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Ҳошимов Абдураҳим дар бораи  сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Данғара санаи 5 ноябри соли ҷорӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ , эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, моҳият ва таърихи Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва ба истифода додани чархаи аввали Нерўгоҳи барқи обии Роғун суханронӣ намуд.

Баъдан дар идомаи вохӯрӣ Неъматов Абдуҷаббор мудири шуъбаи таблиғот, иттиллот ва матбуоти  Кумитаи иҷорияи ҲХДТ дар ноҳия дар бораи терроризму экстремизм ҳамчун омили хатарнок дар ҷомеа, пешгирии  шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро  ва таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар деҳаи Қавоқ  андешаронӣ карда, ҳамагонро бароииҷрои саривақтии дастур успоришҳои Роҳдари давлат  ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват намуд.

Инчунин, дар Манучеҳри Рӯзимадзода вакили деҳаи болозикр ба сухан баромада, оид ба масъалаҳои дар боло зикршуда фикру мулоҳизаҳои хешро баён дошта, сокинонро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ  раҳнамоӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg