
ХОВАЛИНГ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар омӯзишгоҳи ноҳия оид ба ҷашнҳои фархундаи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба кор андохтани чархаи аввали НБО-и Роғун ва Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксияи ҳизбии таҳти унвони “Фурӯғи нури Раҳмонӣ” гузаронида шуд.
Дар аксияи ҳизбӣ аъзои намояндагии ТҶҶ “ Созандагони Ватан” дар даст шиору навиштаҷотҳо, ки дар он аксҳои НОБ-и Роғун ва Пешвои миллат таҷассум ёфтаанд, фаъолона иштирок намуданд.
Корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ш. Набиев дар бораи рӯзҳои таърихӣ дар назди ҷамъомадагон андешаронӣ карда, ба кор даромадани чархаи қадами қатъӣ дар расидан ба истиқлолияти энергетикӣ арзёбӣ карданд.